"Ҳукумат набояд дар муқобили фишорҳои Русия кӯтоҳ ояд"
Як устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори Садои Хуросон гуфтааст, ҳукумати кишвар набояд дар муқобили фишорҳои Русия барои тамдиди будубоши пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон кӯтоҳ ояд.
Ба қавли Гавҳар Иброҳимова, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, давлат ва масъулони сиёсӣ набояд, дар муқобили зиёдахоҳиҳои Русия кӯтоҳ биёянд. Ӯ гуфт, "ин чӣ мантиқ аст, ки мақомоти Маскав ба хотири тамдиди будубоши пойгоҳи низомиаш дар Қирғизистон то соли 2032 489 миллион доллар қарзашро ба Бишкек бахшид. Инчунин, омодагии худро барои сармоягузории сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии ин кишвар, ба вижа нерӯгоҳи бузурги «Қамбарота-1» эълон намуд, вале намехоҳад ҳатто ҳаққи иҷора барои тамдиди пойгоҳаш ба Тоҷикистонро пардозад?»
Хонум Ироҳимова меафзояд, агар ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъалаи муҳим гузашт кунад, фардо Русия таваққуот ва хостаҳои бештаре аз мо хоҳад дошт. «Русия ба хотири он ҳукумати феълии Тоҷикистонро дар арафаи интихобот барои имзои тавофуқномаи тамдиди муҳлати будубоши пойгоҳаш дар ин кишвар таҳти фишор қарор додааст, ки фардо аз ҳукумати ҷадид дар ин масъала бо мушкилоти ҷиддитаре мувоҷеҳ хоҳад шуд»,-гуфтааст ин устоди Донишгоҳи миллӣ.