Бӯқаламун
Абдулазизи Восеъ
Масхарабоз, ҳарзагӯ, сиёсатмадори дағал, лаққӣ, «талҳаки Кремл» ва даҳҳо сифати дигари манфиро ба ӯ нисбат додаанд. Аммо ба андешаи ман беҳтарин ташбеҳро Рамазон Қодиров, райиси ҷумҳурии Чеченистон кардааст. Дар як мусоҳибаи телевизионӣ ҷаноби Қодиров ӯро хамелион (буқаламун) гуфт. Ин муносибтарин ва дурусттарин шабеҳсозӣ буд.
Сухан дар мавриди Владимир Жириновский меравад. Нафаре, ки раҳбарии як ҳизбро бар уҳда дорад ва намояндаи мардумӣ дар парлумони Русия аст. Бо ин ҳама дар бештарини маврид оддитарин одоби сухан гуфтанро риоя накарда, мисли кӯдакони кӯча андешаронӣ мекунад. Бар илова ҳарфи имрӯзааш бо сухани як рӯзи қабл гуфтаи ӯ тамоман муттафовит аст.
Нафареро таърифу тавсиф намуда, ба моҳу ситора баробараш медонад, баъди чанд фурсат аз осмон гирифта ба замин мезанад ва ба хоки сиёҳ баробараш мекунад.
Ӯ воқеан хамелион аст. Гоҳе аз Қафқози Шимолӣ ба унвони комилкунандаи Русия ном мебарад ва гоҳе Қафқози Шимолиро мушкили аслии Русия медонад.
Замоне Алла Пугачева, примадонаи русро беҳтарин зани сайёра гуфта ва ҳатто бо ӯ тарона месарояд, аммо ҷойи дигар ӯро сарояндаи сабукпое ном мебарад, ки бо дилхоҳ мард ҳамхоба мешавад.
Путинро таъриф ва баъдан танқид мекунад.
Акнун дар бораи Осиёи Миёна. Зимни суханроние дар парлумон соли 2011 мегӯяд, ки бояд Осиёи Миёнаро ҳифз кард. «Барои чӣ мардуми мо ба кишварҳои арабӣ мераванд? Дар ҳоле, ки Осиёи Миёна беҳтарин мавзеи сайру сайёҳат аст. Самарқанд, Бухоро, Хива, Урганҷ беҳтарин ёдгориҳои асри миёна онҷо нуҳуфтааст. Бозорҳои бузург ва беҳтарин дорад. Сабзавоту меваҷоти тару тозаи арзон. Меҳмонхонаҳои хуб ва хизматрасонии олӣ. Онҷо либосҳои пахтагину чармини хуб мешавад харидорӣ кард. Ҳамаи ин бо пули пучак. Аммо ҳама Дубай, Хургада ва кишварҳои арабиро ихтиёр мекунанд. Ҷойи дур мераванд, дар ҳоле, ки ин ҷо як қадам роҳ аст. Ин ҷо ҳама забони русиро медонад. Исиқкӯл беҳтарин ҷои фароғат аст. Беҳтарин кўл, обу ҳавои тоза. Ягон хел акула надорад. Дар гирду атроф маводи ғизоии арзон. Аммо миллионҳо ба кишваре мераванд, ки онҳоро таҷовуз, ғорат ва таҳқир мекунанд. Мардуми Осиёи Миёна моро дӯст медоранд. Онҳо розӣ ҳастанд, ки ҳама чиро ба мо фурӯшанд. Аз ҳама нуқтаи назар бо онҳо ҳамкориҳои мо манфиатовар хоҳад буд».
Чӣ ҳарфҳои хубе. Аммо, ҳамагӣ баъди чанд вақти ин гуфтугӯ Жириновский ба Осиёи Миёна ҳуҷум мекунад. Бераҳмона ва дағал. Мардуми Осиёи Миёнаро сабабгори аслии ифлосиву ҷангу ҷидол ва бадахлоқиҳои Русия мегӯяд. Ҳамаи муҳоҷиронро манбаи қочоқи героин меномад.
Аз эҳтимол дур нест, ки баъди моҳи ноябри соли равон Эмомалӣ Раҳмонро беҳтарин шахсияти таърихӣ ном барад. Дар ҳоле ки чанде қабл гуфта буд, агар Русия дигар муҳоҷирони кории Тоҷикистонро қабул накунад, Раҳмон чӣ кор мекунад? «Раҳмон хуб медонад, ки дар ин ҳолат исломиёни афғон Тоҷикистонро поймол мекунанд ва худи ӯро чун Наҷибуллоҳ (шоҳи Афғонистон) дар маркази Душанбе ба дор хоҳанд кашид.”
Барои як сиёсатмадор ба ин ҳад дурӯя будан хеле бад аст. Аммо бадтар барои кишварест, ки дар ҳамсоягияш чунин сиёсатмадор зиндагӣ мекунад. Чунин афрод ба мори тарбиятёфтае шабоҳат доранд, ки ҳар замон гурусна шуданд, заҳр мезананд.
Рамазон Қодиров, райисиҷумҳури Чеченистон дар мусоҳибаи телевизионие дар посух ба ҳарфҳои Жириновский, ки гуфт, қафқозиҳои шимолиро бояд аз ҳудуди Русия ронд, ӯро ба саги бастае шабоҳат дод, ки ҷакидани вай барои корвони даргузар таъсире надорад. «Ӯ як лаққии гузаро аст. Агар микрофонро дар ихтиёри ӯ гузошта, имкони ҳарф задан бидиҳӣ ҳар чӣ аз даҳонаш баромад гуфтан мегирад. Ӯ одами ҷиддӣ нест. Ӯ мисли хамелион аст».
Ман ҳам бо Қодиров мувофиқам Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерал-демократҳои Русия хамелион аст. Аз буқаламун бояд эҳтиёт буд, чун намедонӣ кай ба чӣ ранг мегардад. Аммо ба гумонам на бояд ӯро ба саги бастае шабеҳ кард, ки аз ҷакиданаш аҳли корвон озор намебинад. Баъзан банди гардани он канда шуданаш мумкин. Чунин сагҳо одатан сахт мегазанд. Дандонҳояшон то ба устухон кора мекунад.
Шумо чӣ мегӯед?