Хатлон бо 72 000 сомонӣ як қадам ба ҳукумати электронӣ гузоштанист
Барои ба шабакаи доимии интернет пайваст намудани сомонаҳои мақомоти идораи давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 72 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд.
Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, зимни ҷаласае изҳор доштааст, ки бо ин маблағ ноутбук, модеми интернет ва флешка харидорӣ мегардад. Вай ин иқдомро қадами ҷиддӣ дар самти таъсиси ҳукумати электронӣ унвон кардааст.
Райиси вилоят раёсатҳои вилоятро барои таъсис надодани сомонаҳои расмиашон интиқод карда аз ҷумла изҳор доштааст, ки “мо дар асри 21 қарор дорем. Вале ҳоло ҳам бо ҳамон усули куҳнаи телефонаграммафиристию истифода аз факс кор карда истодаем. Ин амалро шумо низ бояд дар пайи мо иҷро кунед.”
Аз 25 шаҳру навоҳии вилоят бо гузашти ду сол аз тасвиби “Тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ” то ҳол танҳо 17 шаҳрдорӣ сомонаи расмии хешро созмон додаанд.