"Дастгоҳи нашри виза дар фурудгоҳ баъди чор рӯз фаъол мешавад"
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дастгоҳи чопи раводиди Бюрои консулгарии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шояд пас аз 4 рӯзи дигар фаъол гардад.
Дар ин бора ба “Озодагон” Абдулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВУХ-и Тоҷикистон иттилоъ дода гуфт, “мутахассисони вазорат ҳоло дар пайи тармими дастгоҳанд”.
20-уми апрел тартиби содашудаи додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки қасди сафар ба Тоҷикистонро доранд, манъ карда шуд. Масъулин гуфтанд, ягона дастгоҳи нашри виза дар фурудгоҳи Душанбе аз кор бозмондааст. Чунин раводид маъмулан дарҳол пас аз ташриф дар фурудгоҳ дода мешавад. Тартиби содашудаи додани раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари дунё ва афроди бидуни шаҳрвандӣ, собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад.
Ин дар ҳоле буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба хотири ширкат дар маросиме бахшида ба 40-умин солгарди таъсиси ҳизб наздики 200 меҳмони хориҷӣ даъват карда буд. Бо далели дарёфт накардани раводид танҳо 20 дарсади меҳмонони ҲНИТ тавонистанд, ки дар ин маросим ширкат намоянд.