Муовини раиси ҷамъияти узбакҳои Хатлон “ба даст афтод”
Равшан Муталибов, муовини раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон, дар фурудгоҳи шаҳри Краснодари Русия боздошт шудааст.
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 30-юми апрел Равшан Муталибов, ки барои муҳоҷирати корӣ ба Краснодар мерафт, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи ин шаҳр дастгир карда шудааст.
Ҷаноби Зоиров мегӯяд, аз бағочи Муталибов 350-400 грамм “хокаи сафед” (порошок) дарёфт карда шудааст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун маводи мухаддир шарҳ дода мешавад.
Ба гуфтаи Зоиров, муовини раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон ин қазияро тарҳрезӣ шуда медонад. Ин дар ҳоелст, ки тақрибан панҷоҳ рӯзи қабл раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон Салим Шамсиддинов нопадид шуда, то ҳол аз худ дараке надодааст. Наздикони ӯ бовар доранд, ки оқои Шамсиддинов рабуда шудааст. Иддаое, ки мақомот онро рад мекунанд.
Дар акс: Салим Шамсиддинов, раҳбари ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон