Шӯрои сиёсии ҲУСДТ Радиои Озодиро "таҳрим" кард
Шӯрои сиёсии Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲУСДТ) аз тасмими созмонҳои журналистӣ барои таҳрими Радиои Озодӣ ҳимоят кардааст.
Раҳматулло Зоиров, раиси ҲУСДТ, мегӯяд, аз мавқеи созмонҳои журналистии Тоҷикистон алайҳи Радиои Озодӣ на танҳо ба хотири қазияи Абдуқаюми Қаюмзод, балки ба хотири он пуштибонӣ кардаанд, ки тайи чанд соли охир ин радио “уҳдадории худро аз рӯи вазифаҳояш иҷро намекунад”.
Ба гуфтаи ҷаноби Зоиров, “имрӯз хабару иттилоот ва мусоҳибаҳо дар Радиои Озодӣ нодуруст, дар як сатҳи паст ва якҷониба инъикос меёбанд. Аз ҷумла, чанд мусоҳибаҳое, ки ба худи бандаву Шокирҷон Ҳакимов рабт доранд, нодуруст инъикос ёфтаанд. Мо дар мавриди дигар чиз суҳбат мекунем, онҳо тамоман чизи дигар менависанд.”
Раҳматулло Зоиров бархӯрди масъулони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ бо Абдуқаюми Қаюмзодро ғайриқонунӣ дониста, мегӯяд, “имрӯз Радиои Озодӣ ба як созмони ғайриконструктивӣ табдил ёфтааст”.
Раиси ҲУСДТ афзуд, ин вазъ дар Радиои Озодӣ пас аз ба ҳайси раҳбари ин радио интихоб шудани Соҷидаи Мирзо ба миён омадаанд: “Ба назари ман, вазъиятро ҳам дар дохилу ҳам дар берун ногувор кардааст. Аз ин рӯ, ба Радиои Озодӣ ва сармоягузорони он муроҷиат менамоем, ки сатҳи фаъолияти ин радиоро дуруст ба роҳ монанд.”
Аз ин пеш чанде аз созмонҳои журналистии Тоҷикистон то замони ҳал шудани қазияи Абдуқаюми Қаюмзод ҳамкорӣ бо Радиои Озодиро муваққатан қатъ карданд. Радиои Озодӣ ахиран қарордоди ҳамкорӣ бо ҷаноби Қаюмзодро яктарафа қатъ карда, дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, дигар наметавонист Қаюмзодро нигоҳ бидорад, чун Вазоарти умури хориҷӣ муҳлати аккредитатсияи ӯро тамдид накардааст.