Бахшида ба 9-уми май дар Душанбе муҳорибаи бидуни қоида мегузарад
Дар Тоҷикистон бахшида ба Иди Ғалаба, ки 9-уми май таҷлил мешавад, муҳорибаҳои омехта ё худ бидуни қоида баргузор мегардад.
Тавре Саидалӣ Уразалиев, президенти Федератсияи муҳорибаи омехта дар Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, муҳорибаҳои омехта рӯзҳои 5-6-уми май дар шаҳри Душанбе сурат хоҳанд гирифт. Ба қавли номбурда дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони шинохтаи ин намуди варзиш аз вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшони Кӯҳӣ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дар вазнҳои гуногун ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Уразалиев ин намуди варзиш ба саломатии варзишгарон ҳеч осеб намерасонад, вале нисбат ба дигар намудҳои варзиш вазнин аст: “Ин навъи варзиш бо номи муҳорибаи бидуни қоида маъруф бошад ҳам, мисли дигар намудҳои варзиш қоидаҳову шартҳои худро дорад. Барои мисол, дар муҳорибаи омехта газидани ангушт, кофтани чашм, кашидани мӯи сари ҳариф, зарба ба узвҳои мардонагӣ ва паси сар манъ аст.”
Уразалиев мегӯяд, ҳаводорони ин навъи варзиш рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд: “Дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар ҳудуди 3000 нафар ҷавонон ба машқу тамрин дар ин намуди варзиш машғуланд.”