Вакилон барои шарҳи паёми президент назди интихобкунандагон рафтанд
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба вакилони мардумӣ дастур додааст, ки сар аз имрӯз, 30-юми апрел то 10-уми майи соли равон ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуда бо интихобкунандагони худ мулоқот кунанд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, “дар зарфи 11 рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагони худ баромад намуда, роҷеъ ба паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳарф мезананд. Аз ҷумла санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори кишвар қабул кардааст ва инчунин дар бораи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ба интихобкунандагон маълумоти муфассал медиҳанд.”