Узметроном роҳи оҳан тариқи ағбаи Камчикро “сиёсӣ” хонд
Сайт ё торнамои "Узметроном" мегӯяд, бунёди роҳи оҳани Узбакистон, ки қаламрави Тоҷикистонро канор мегузорад, баъд аз 300 сол низ хароҷоташро рӯпӯш нахоҳад кард.
Бархе аз коршиносони "Узметроном" тарҳи роҳи оҳанеро, ки аз ҷониби ширкати давлатии саҳомии роҳи оҳани Узбакистон тариқи ағбаи Қамчиқ сохта шуда, як қисмати ин кишварро бо водии Фарғона ба ҳам мепайвандад, фармоиши сиёсӣ ва аз лиҳози иктисодӣ бенатиҷа хонда, гуфтаанд, эҳтимоли зиёд дорад, дар давоми даҳсолаи оянда ин лоиҳа таҷдиди назар шавад.
Гуфта мешавад, ин роҳи 129-километрӣ барои Узбакистон дар бадали 1,9 миллиард доллар пули қарз сохта мешавад. Дар ҳоле ки маблағи пардохти ҳарсолаи Узбакистон барои ҳамлу нақли колои худ тавассути роҳи оҳани кунунӣ, ки як қисмати он аз тариқи қаламрави Тоҷикистон убур менамояд, 26 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар мавриди ин роҳи алтернативӣ, бархе аз коршиносон ба таври «шӯхӣ» ба Узбакистон пешниҳод намудаанд, ки ба ҷойи бунёди ин роҳи оҳани нав бо 1,9 миллиард доллар манотиқи шимолии Тоҷикистонро ба муҳлати 330 сол ба иҷора бигирад. Ҳамон тавре ки дар вақташ Амрико аз Русия Аляскаро ба иҷора гирифта буд.