Маҳбуби ГАНҶААЛӢ Тоҷикистон кишвари раққосу раққосапарвар аст. Шояд бо истиснои теъдоди каме аз шаҳрвандон ҳама рақсро дӯст медоранд: аз тамошо то иҷрояшро. Дар шабакаҳои телевизионӣ бештари вақт дар ихтиёри раққосу раққосаҳо гузошта шудааст. Тӯю маъракаҳои хурсандӣ бо рақс оғоз ва анҷом меёбад. Аз кӯдаки шашмоҳа то пири ҳафтодсола, аз кӯчарӯб то президент ҳама мерақсанд.
Рақс модари тамоми забонҳо аст (Коллинвуд)
Рақсро ҷузъи ҷудонопазири мусиқии миллатҳо медонанд. Таърихи рақси ҳар халқият аз таърихи ҳамон миллат сарчашма мегирад. Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо бо вуҷуди мушкилоти зиёд ин санъатро ҳифз кардаанд. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ ҳазорсолаҳо қабл дар шаҳрҳои Уротеппа ва Хуҷанд раққосаҳои моҳир ба сар бурда ва мактабҳои худро доштаанд. Ҳар жанри мусиқӣ рақси вижаи худро дорад. Масалан, рақси шашмақом аз фалак фарқ мекунад. Бар илова ҳар минтақаи Тоҷикистон рақси вижаи худро дорад. Масалан, рақси помирӣ аз рақсҳои кӯлобӣ ва суғдӣ тафовут дорад. Рақс шеърест, ки ҳар ҳаракат вожаеро ифода мекунад (муаллифи номаълум)
Рақсҳо вобаста ба муҳит ва шароит иҷро мегарданд ва вобаста ба ҳолат ҳаракатҳо тағйир меёбад. Ҳар ҳаракати дар рақс иҷрошуда мафҳумеро маънидод мекунад. Дар балет тавассути рақс ба бинанда ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дода мешавад. Аммо рақс ҳоло ритмашро тағйир додаст. Ба назар мерасад, бархе гуруҳҳои рақсӣ ё раққосаҳои якка танҳо бо узвҳои урён ва либосҳои булаҷаб мехоҳанд таваҷҷуҳи бинандаро ҷалб созанд. Ҷунбонидани узвҳои ҳаё ба як хусусияти аслии рақси имрӯз табдил шудааст. Рақсҳои қадимии тоҷикӣ бо куртаи чакан, кокулҳои чилбоф ва чархиданҳои мавзунро танҳо дар чорабиниҳои ҳукуматӣ дидан мумкин аст, ки он ҳам рӯз ба рӯз «мудерн» мешавад. Остинҳои дароз кӯтоҳ ва почаҳои васеъ тангтар шудан доранд.Навори рақси тоҷикӣ, ки солҳои 40-ум ба саҳна гузошта шудааст VIDEO
Тамоми мушкилоти дунёро дар ҳолати рақс мешавад ҳал кард (Ҷеймс Браун)
Аз тамошои телевизионҳои Тоҷикистон бардошт ин мешавад, ки мо дар як кишвари пешрафтаи дунё зиндагӣ дорем. Ним соли бидуни барқ, фақру нодорӣ ва саду як мушкили дигарро шояд мехоҳем, ки бо рақс бартараф созем. Тоҷикистон гӯйё ба як кишвари рақс табдил шудааст. Дар маъракаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз хонандаҳои макотиби ибтидоӣ то донишҷӯёнро ҳафтаҳо дар варзишгоҳҳо рақс меомӯзанд. Салтанати шоҳро аз рӯи рақси ӯ метавон баҳогузорӣ кард (мақоли чинӣ)
Яке аз наворҳои сербинандаи шабакаи You Tube рақси президентҳо аст. Ҳарчанд Ҷорҷ Буши хӯрдӣ ва Барак Обама, райисҷумҳурони собиқ ва феълии Амрико борҳо мастона рақсидаанд, аммо ба сатҳи раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ намерасанд. Ин президентҳо, ки ҳамагӣ парвардаи низоми камбағалпарвари шӯравиянд, ба санъат эҳтироми хосае доранд. Шурӯъ аз Борис Елтсину Дмитрий Медведев (райисҷумҳурони пешини Русия), Александр Лукашенко (Белорус), Виктор Янукович (Украина), Рамзан Қодиров (Чеченистон) ва Ислом Каримов (Узбакистон)-у Эмомалӣ Раҳмон (Тоҷикистон) рақсро дӯст медоранд. Рақсҳои Эмомалӣ Раҳмонро зиёд дидаем, аммо ахиран ӯ натавонист аз Ислом Каримови 75-сола бигзарад. Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов дар посух ба хабарҳои сактаи қалби падараш дар саҳифаи Twitter-аш навишт, ки Каримов дар ҷашни наврӯз дар Тошканд «қариб 20 дақиқа рақсид». Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни наврӯзии Тоҷикистон камтар рақс кард. Рӯзат ба беҳудагӣ гузашт, агар ту нарақсидӣ (Нитсше)
Дар Тоҷикистон рӯзи кам касе беҳуда мегузарад. Зеро ҳама мерақсанд. Аз рақси президент гуфтем ва набояд ҳайати ҳукумат ва мансабдорони дигарро нодида гирифт. То имрӯз тариқи телевизион рақсҳои Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат, Абдуфаттоҳ Шарипов, сухангӯи райиси ҷумҳур, Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» ва Шералӣ Кабиров, роҳбари ширкати «Талко» ба мо ошност. Дар интернет низ рақси чанд курсинишинро дидан мумкин аст. Рақс ин хушбахтӣ ва ғам аст (Габриэла Комлева)
Вируси рақс дар рагу хуни тоҷикон сироят ёфта ва бо баланд шудани ҳар оҳанг ба хурӯш меояд. Баъзан дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ низ шоҳид мешавем, ки мусофирон беихтиёр ба ҷунбидан медароянд. Ҳеч набошад, пояшонро бо ритм мекӯбанд ё ангуштони дасташон ба бозӣ медарояд. Вируси рақс дар тӯйҳо зуд фаъол мешавад. Аввал хешу табори тӯйдор, баъд ҳамсояҳо ва баъдан ҳар шиносу ношинос ба майдон мебарояд ва мерақсад. Ҳар нафар ба табъи дили худ мерақсад ва тақрибан касе парвои мусиқӣ надорад. Махсусан агар рақосае дар миён бошад. Аз рақсҳои кӯчагӣ бигзарему меҳмони рақсҳои ҳирфаӣ шавем. Нақши раққосҳои муосир дар бештари маврид баробари раққосаҳо аст. Мардон-раққосҳо занона мерақсанд. Печутоби дасту гардану миён ва ҳаракатҳои дигар узви бадан ҳамранг ба занҳо аст. Баъзан раққосу раққосаҳо айнан як либос мепӯшанд. Гузашта аз ин пушт ба сӯйи тамошобин карда, дунба меҷунбонанд. Чӣ ҳаракати дилбеҳузуркунандае. Рақсҳои мардона дар гузашта асосан дар образи чӯпонбачаву деҳқонбачаҳо иҷро мешуд. Дар рақс ҳама нозукиҳо бояд қобили эътимод бошад (Игор Моисеев)
Тақрибан ду соли ахир рақси қафқозӣ ба майдонҳои Тоҷикистон ворид шуд. Ҳоло туйе нест, ки оҳанги «лизгинка» садо надиҳад. Бо баланд шудани ин мусиқӣ шӯру валвалаву доду вою ҳаё-ҳуй ба авҷи аъло мерасад. Бархеҳо ба ин назаранд, ки «лизгинка»-ро муҳоҷирон оварданд. Ин навъи рақс бештар миёни мардуми Қафқоз маъруф аст ва чун муҳоҷирони кории мо бо ин мардум дар Русия бештар ҳамкоранд ё ҳадди аққал онҳо корфармову инҳо коргар лизгинкаро овардаанд. Ҳар чи ҳам ҳаст лизгинка ҳоло аз муд набаромада ва гумон аст, ки ба ин наздикиҳо хайру маъзур кунад. Тибқи баъзе сарчашмаҳо лизгинка рақсест, ки мардони қафқозӣ қабл аз набардҳо иҷро мекардаанд. Аз ин рӯ шояд лезгинкаи муосирро мардон бештар иҷро мекунанд. Аммо ин ба маъное нест, ки ҷинсҳои латиф онро нарақсанд. Тоҷикон ҳоло ба он сахт дил бастаанд. Фарзонаи Хуршед нишони олии он аст. Пажуҳишгарони дигари рақс мегӯянд, ки ватани лезгинка –Лезгистон, қисмати ҷанубии Доғистон аст. Фарзонаи Хуршед ҳам як таронаи худро дар пояи оҳанги лизгинка суруда ва рақс ҳам кардааст, ки гумонам тамошо кардаед. Ахиран Брейк-данс миёни ҷавонон маъруф шудааст. Брейк-данс навъи хавфноки рақс мебошад. Дар чунин рақсҳо ҳаракатҳое ба монанди дар ҳаво чархидан, бо сар тоб хӯрдан, ҷаҳидану ба замин худро ҳавола додан нақши калидӣ доранд, аммо бо вуҷуд ҳамасола ҷонибдорони он меафзояд. Ба ҳар сурат аз рақси занонаи мардон дида, ин навъ беҳтар менамояд. Ин навъи рақс бештар ба варзиш ҳамхонӣ дорад. Дар Тоҷикистон Федератсияи рақсҳои варзишӣ таъсис ёфта ва ҳоло ба хоҳишмандон 10 навъи рақсҳои варзишӣ омӯхта мешавад. Дар Тоҷикистон чандин гуруҳҳои Брэк данс фаъолият доранд, ки маъруфтарини онҳо студияи рақсии «Қарни нав» ва гуруҳҳои "Desperados", "Crazy guys", "Orion", "City power" ва "Urban" мебошанд. Рақси хуб ягон ҳаракати ноҷо надорад (Фред Астар)
Мутаасифона баъзан дар 90 дар сади ҳолатҳо ҳаракатҳои рақсҳо зиёдатӣ ва бемавриданд. Дар бештари маврид рақс бо суруд ҳамнаво нест. Сароянда аз ишқу зебоӣ месарояд, раққосу раққоса дар замин пуштағелак мераванд. Аксар маврид ба саҳнагузорандаҳои рақс ба мазмуни суруд аҳамият намедиҳанд. Меҳринигор таронаи ҳиндӣ месарояд, як гуруҳ духтарон испонӣ мерақсанд. Дар консерти чанд соли қабли Андӣ, ки дар варзишгоҳи марказӣ баргузор шуд, Ҷаннат ном раққосае танҳо ду ҷои шармоварашро бо шолчае пӯшонда рақсид (мегӯянд, ин раққосаро кадом як эронитаборе бо худ бурдааст). Дар консерти исроилиҳои Амрико, дар Кохи Борбад гулдухтарони ансамбли «Зебо» зери оҳанги арабимонанде тақрибан луб-лучи модарзод тоб доданд ва телевизиони давлатӣ онро манзур кард. Ҷунбонидану ларзондан ба як василаи муаррифӣ табдил шудааст. Овозхонҳои навбаромад мехоҳанд тавассути рақсҳои булаҷаб зуд «ситора» шаванд. Онҳое, ки чунин ҳунарро надоранд, либоси танг мепӯшанд ва бо чор панҷ духтари нимурён клип мебардоранд. Раққоси хуб, ҳатто бо рӯяш мерақсад (Константин Кушнер)
Дар мо мутаасифона чунин раққосаҳо каманд. Аз раққосаҳои тоҷик танҳо Наташаро медонистам, ки чунин маҳорат дошт. Рухсора, лабу рӯй ва чашмонаш вобаста ба оҳанг мерақсиданд ва хеле мувофиқ. Малика Қаландарова ва Зебо Аминзода аз раққосаҳои соҳибмактаби тоҷик намунаи олии рақси ҳирфаӣ буданд. Дар Тоҷикистон гуруҳҳои рақсӣ хеле зиёд шудааст, аммо ҳамоно ансамблҳои «Лола», «Зебо» ва «Падида» хеле фаъол ва матраҳанд. Ахирӣ, вобаста ба завқи бинандаи имрӯз рақс таҳия мекунад ва аз ҳамин хотир серхаридор ҳам ҳаст. Дар бештарини консертҳо овозхонҳо барои рақс ба ин гуруҳ муроҷиат мекунанд. Ҳоло рақси тоҷик дигар муарифгари фарҳанги тоҷикон нест. Мавҷудияти навъҳои дигари рақс ҳам хуб аст, аммо агар ба фарҳанги шарқии мо бегонагӣ надошта бошад. Гузашта аз ин клипҳое, ки он ҷо духтарони нимурён мерақсанд, сабаб мешавад, садҳо рақси фаҳш ба номи тоҷикон сабт шавад. Ҳоло дар интернет даҳҳо навореро пайдо кардан мумкин аст, ки ба унвони рақси духтарони тоҷик зикр шудааст. Аммо аксари онҳо тоҷик набуда, намояндаҳои миллати афғон ё дигаранд. Тааҷубовараш ин аст, ки онҳое, ки чунин видеоҳоро гузоштаанд, тоҷик нестанд. Масалан UzbakGelamJam чандин рақсҳои духтарони нимурёнро гузошта онҳоро тоҷик зикр кардааст. Шояд мепурсед, ки чаро якбора рақс ба ёдамон зад. 29-уми апрел Рӯзи ҷаҳонии рақс аст. Ин сана таърихи тӯлоние ҳам надорад. 31 сол қабл П.А. Гусеев, ҳунарпешаи балет, омӯзгор ва хореограф ба Шӯрои байналмилалии рақси ЮНЕСКО пешниҳод кард, то рӯзи таваллуди Ж.Ж. Новерр, балетмейстери маъруфро, ки «падари балети муосир» ном бурда мешавад, ба унвони рӯзи ҷаҳонии рақс эълон кунад. Ин пешниҳод пазируфта шуд ва шурӯъ аз соли 1982 ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи рақс муборак, Тоҷикистон!