Президент ҳангоми аспдавонӣ афтид ва зинда монд (Видео)
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон зимни пойгаи рӯзи якшанбе аз асп ба замин афтид. Дар ин бора сомонаи EurasiaNet.org хабар дода ва навори сарозер шудани президентро намоиш додааст.
Қаблан расонаҳои туркманӣ хабар доданд, ки Бердимуҳаммадов рӯзи 28-уми апрел дар мусобиқаи аспдавонӣ дар ҷашни бахшида ба “Аспи туркманӣ” ширкат ва ҷойи аввалро ишғол намуда, бо 11 миллион доллари амрикоӣ қадрдонӣ шуд. «Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ин маблағро ба хотири тақвияти моддию техникии варзиши аспсаворӣ ба Иттиҳоди давлатии “Туркманатларӣ” тақдим кард»,-навиштанд ВАО-и Туркманистон. Бино ба иттилои расонаҳои Туркманистон президент бо аспи «Тавоно» дар 1 дақиқаву 12.2 сония ба хатти марра расид. Аммо имрӯз, 30-юми апрел навори видеоие дар интернет нашр шуд, ки ҳолати аслии пойгаи рӯзи якшанберо намоиш медиҳад.
Дар навори пешниҳодкардаи EurasiaNet.org дида мешавад, ки президент баъди аз марра гузаштан аз асп меафтад ва чанд лаҳза беҳаракат мехобад. Вазирон ва кормандони хадамоти амниятии Бердимуҳаммадов зуд назди ӯ ҷамъ меоянду бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба беморхонааш мебаранд. Ба навиштаи EurasiaNet.org, тақрибан як соат тамоми иштирокчиёни мусобиқа дар ҷойҳои худ нишастанд. Касе намедонист, ки райиси ҷумҳур зинда аст ё на.
ВАО-и маҳаллӣ танҳо қисмати пирӯзии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро намоиш доданд ва аз ҳодисаи сарозер шудани вай чизе нагуфтанд. Кормандони хадамоти амниятӣ ба миёни тамошобинон омада, нафаронеро ҷӯстаанд, ки телефони мобилӣ ё дастгоҳи наворбардорӣ дошт. Ҳамаро маҷбур сохтаанд, ки навори афтидани президентро пок намояд ва касеро аз варзишгоҳ берун шудан намегузоштанд.
-Тақрибан баъди як соат Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба варзишгоҳ баргашт. Ҳама қарсак заданд, -менависад EurasiaNet.org.
Ба иттилои манбаъ, шоми ҳамон рӯз президент бори дигар назди издиҳом омад, то ғолибонро ҷоиза бидиҳад.
«Президент «Тавоно»-ро бахшид. Ӯ аспро назди худ кашид ва бӯсид. Ба назар мерасад, дар Туркманистон танҳо асп метавонад Бердимуҳаммадовро афтонад ва барои ин ҳеч ҷазое набинад», - менависад хабарнигори EurasiaNet.org.
Ҷашни “Аспи туркманӣ” ҳамасола рӯзи якшанбеи ахири моҳи апрел дар Туркманистон таҷлил мегардад. Гуфта мешавад, чун раисиҷумҳури Туркманистон яке аз мухлисон ва дӯстдорони варзиши аспсаворӣ мебошад, солҳои охир ин ҷашн ба таври густардаву бошукӯҳ гузаронида мешавад.