Обама мегӯяд хатари истифода аз силоҳи кимиёӣ дар Сурия далел мехоҳад
Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард барои исботи истифода аз силоҳи кимиёӣ дар Сурия ниёзманди далелҳо ва санадҳои қавитар ҳастем.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” ба нақл аз “Вашингтон Пост”, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико қабл ва баъд аз бардоштани қадами баъдӣ алайҳи давлати Сурия, талош мекунад арзёбии бештаре дарбораи истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар Сурия анҷом шавад.
Обама рузи ҷумъа дар Кохи сафед ва дар аввалин изҳороти худ баъд аз ахбори вобаста ба коргирии силоҳи кимиёӣ дар Сурия гуфт: ончи ки мо акнун дар ихтиёр дорем, як арзёбии иттилоотӣ аст, аммо ҳануз хеле зуд аст ки бигуем хати сурхи истифода аз силоҳҳои кимиёӣ риоят нашуда аст.
Вай дар дидор бо Абдуллоҳи дуюм, подшоҳи Урдун афзуд: донистани инки дар дохили Сурия силоҳи кимиёӣ мавриди истифода қарор гирифта, наметавонад ба мо бигуяд ки ин силоҳ чигуна ва чи замоне истифода шуда аст ва тасдиқи он далелҳои қавитар мехоҳад.
Обама изҳор дошт: ин як пешниҳоди дарозмуддат аст ва чизе нест ки якшаба ҳалу фасл шавад. Раиси ҷумҳури Амрико пеш аз ин ба давлати Сурия ҳушдор дода буд, ки истифода аз силоҳи кимиёӣ дар ҷанги дохилӣ алайҳи шурешиён, хати сурхи Кохи сафед аст.
Расонаҳои ғарбӣ ахиран гузориш доданд, ки давлати Сурия дар миқёси кучак аз гази “зорин” алайҳи мухолифон истифода карда аст.
Ин дар ҳолест ки давлати Сурия қавиан ахбори марбут ба бакоргирии гази зорин дар рӯзҳои ахиррро рад кард аст.