БДА рақамҳои нуқрагии мошинҳоро 4-уми май ба фурӯш мегузорад
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, 4-уми май дар дафтари марказии БДА дар Душанбе музоядаи фурӯши рақамҳои давлатии силсилаи ВЕ минтақаи 01 баргузор мегардад.
Масъулини БДА мегӯянд дар ин музояда аз ҷумла рақамҳои 0011; 0012; 0013; 0015; 0016; 0017; 0018; 0019; 0021; 0022; 0023; 0024; 0025; 0026; 0028; 0029; 0031; 0032; 0033; 0034; 0036; 0037; 0038; 0040; 0041; 0042; 0043; 0044; 0045; 0046; 0047; 0048; 0049; 0051; 0052; 0054; 0056; 0057; 0058; 0059; 0061; 0062; 0063; 0065; 0066; 0067; 0068; 0069; 0071; 0072; 0073; 0075; 0076; 0078; 0079; 0080; 0081; 0082; 0084; 0085; 0086; 0087; 0088; 0089; 0090; 0092; 0093; 0094; 0095; 0096; 0097; 0098; 0099; 0202; 0220; 0300; 0303; 0330; 0404; 0505; 0550; 0600; 0606; 0660; 0700; 0707; 0770; 0800; 0808; 0880; 0900; 0909; 0990; 1001; 1100; 1200; 1212; 1221; 1300; 1331; 1400; 1441; 1500; 1515; 1551; 1600; 1616; 1700; 1717; 1771; 1800; 1818; 1881; 1900; 1919; 1991; 2020; 2100; 2112; 2121; 2200; 2222; 2300; 2323; 2332; 2400; 2424; 2442 пешниҳоди харидорон хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ маъракаи фурӯш соати 09:00 оғоз мегардад ва нархи як лот 270 сомониро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон аз соли 2010 бо қарори махсуси ҳукумати Тоҷикистон музояда барои фурӯши рақамҳои давлатӣ роҳандозӣ мешавад ва то ҳол қимматтарин рақами давлатӣ барои мошин бо нархи 55 ҳазор сомонӣ ба фурӯш рафтааст.