Кишти такрорӣ зиёд шуд, маҳсулот арзон мешавад?
Пас аз руёнидани ҳосили якум кишоварзони мамлакат то имрӯз дар майдони 37932 гектар замин кишти такрорӣ гузаронидаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуот ва иттилоти вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Нақшаи кишти такрорӣ соли равон 70081 гектарро дар бар мегирад, ки то имрӯз 54%-и нақшаи солона иҷро гардидааст. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22228 гектар зиёд гардидааст. Аз он ҷумла ғалладонагиҳо 19515 гектар, ҷуворимакка барои дон 8031 гектар, шолӣ 4919 гектар, зироатҳои техникӣ 1632 гектар ва хӯроки чорво 11627 гектар кишт карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол як пурсиш ҳамчунон бепосух аст, ки оё бо зиёд шудани кишти такрорӣ ҳосили кишоварзон низ фаровон мешаваду нархи маҳсулот дар бозорҳо арзон мегардад?{jathumbnail off}