Дар Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Данғара таъсис ёфт
Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 29-уми апрел, ки таҳти раёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, дар бораи таъсиси Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ва Муассисаи давлатии Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ қарор қабул кард.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, зимни ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари боронгариҳо ба масъулин доир ба корҳои соҳилбандӣ, пешгирӣ аз хатарҳои селу жола ва дигар офатҳои табиӣ, вусъати кишти баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ супоришҳо додааст. Раисиҷумҳур инчунин супориш додааст, ки дар Рӯзи миллии дав (19 май) ва Рӯзи ҷавонон (23 май) чорабиниҳои оммавии варзишию фарҳангӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳисси худшиносию ватандӯстии ба роҳ монда шаванд.
Дафтари матбуот мегӯяд, зимни ҷаласа лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” ва лоиҳаи як зумра қонунҳои дигар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратура”, “Дар бораи судҳо”, “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ” ва қонунҳо “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ ” ва “Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ” пешниҳод гардидаанд.