Хоҳиши Раҳматулло Зоиров аз раиси Кумитаи амнияти миллӣ
Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, бо пахши як изҳорот хабари ВАО-ро оид ба мулоқоти ӯ бо Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия, рад кард.
Зоиров мақолаи “Наришкин ба гӯши Зоиров чи гуфт?”-ро, ки ҳафтаи гузашта дар нашрияи “Фараж” чоп шудааст, “сохта” унвон намудааст. Ӯ афзудааст, “таҳияи чунин хабарҳои бардурӯғ кори дасти кормандони алоҳидаи ниҳодҳои махсуси Тоҷикистон аст, ки ба ҳамин восита мехоҳанд маро бо чеҳраҳои аввали кишвар бархӯрд диҳанд.”
Раиси ҲУСДТ таъйид мекунад, ки воқеан ҳам 10-уми апрели соли 2013, на ҳамчун раиси ҲУСДТ, балки ҳамчун раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон барои иштирок дар як конфронс ба Санкт Петербург рафта буд. Зоиров меафзояд, дар Конфронси “Авруосиё-минтақаи ҳамкориҳои иқтисодӣ” Сергей Наришкин, ҳамчун баранда иштирок дошт, вале мулоқоти хоси Зоиров бо Наришкин сурат нагирифтаасту мувофиқан баҳси шахсони аввали Тоҷикистон низ ҷой надоштааст.
"Ба ин сафари ман ба Санкт Петербург рабт додани изҳороти Рогозину Онишенко, сафари Ислом Каримов ва ғайра як маъракаи иттилоотии махсус роҳандозишударо мемонад",-илова кардааст ӯ.
Раиси ҲУСДТ аз Саймуъмин Ятимов, раҳбари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хостааст, дастандаркорони ин маъракаи иттилоотиро муайян ва муҷозот кунад, чун он эътибори кишварро коста мегардонад.