Раҳмон гуфт, аз кори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо розист
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 27-уми апрел Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария, Айвес Россиерро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон фаъолияту ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла дар се самти авлавиятноки фаъолияти он – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ин созмонро “яке аз сохторҳои муҳими ҳамёрии бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ” номидааст.
Зимни мулоқот зикр гардидааст, фаъолияти Гурӯҳи ҳамоҳангсози “Тоҷикистон-САҲА”, Дафтари ин созмон ва Омӯзишгоҳи олии идораи сарҳадоти он дар Тоҷикистонро баҳои баланд дод. Айвес Россиер аз нақши муҳими Тоҷикистон дар минтақа ва сарҳади тӯлонии он бо Афғонистони мавриди таваҷҷуҳи аҳли олам ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Конфедератсияи Швейтсария дар доираи муносиботи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои бонуфуз аз Тоҷикистон, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, пуштибонӣ хоҳад кард.
Айвес Россиер иттилоъ дод, ки навбати раёсат дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо соли 2014 ба Конфедератсияи Швейтсария мегузарад, аз ин хотир яке аз ҳадафҳои асосии боздиди ӯ аз Тоҷикистон омӯзиши бештари арсаҳои ҳамкорӣ бо ин кишвар ва ниёзмандиҳои он ба дастгирҳои байналмилалӣ мебошад.