Набераи Айнӣ мунтахаби ашъори Лоиқро дар Туркия ба табъ расонд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бо ибтикори Бунёди Адабии Садриддин Айнӣ, таҳти роҳбарии Эраҷ Айнй нашриёти “Мега Басим”- и Туркия «Ашъори мунтахаб»-и шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ аз чоп баромадааст.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, дар ин китоб зиёда аз 500 ғазалу қитъа, рубоиву дубайтиҳои шоир гирд оварда шудаанд. Аз ҷониби мураттиби китоби мазкур Ниёзбадал Маликов сарсухани пурмӯҳтавое таҳти унвони «Муъҷизаофарин» дар китоб ҷойгузин гардидааст, ки маълумоти муфассалсро доир ба паҳлӯҳои гуногуни ашъори шодравон Лоиқ Шералӣ дар худ таҷассум менамояд.
Манбаъ афзуд, ки дар тафовут бо дигар маҷмӯаҳои ашъори шоир, ки қабл аз ин интишор гардидаанд, дар нашрияи навин ашъори шоир ба даҳ боб ҷудо шудааст, ки ҳар боб ба мавзӯи мушаххасе бахшида шудааст. Дар китоб беҳтарин ашъори шоир гулчин гардида, ки табъи ҳар як хонандаро бо мазмуни баланду лафзи ширин болида месозад.
Рӯзи 27 уми апрели соли равон соати 16.00 дар Арт галереяи Мино бо нишонии кӯчаи Беҳзод-1 намоиши китоби мазкур баргузор мегардад.