Қаюмзод шарти Озодиро напазируфт ва ба додгоҳ муроҷиат мекунад
Абдулқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик, шарти Радиои Озодӣ барои “қатъи оромонаи фаъолияташро” напазируфта, мегӯяд, барои нақзи ҳуқуқаш ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.
Оқои Қаюмзод дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи 22-юми апрели соли ҷорӣ вакили мудофеи Радиои Озодӣ ва Аббоси Ҷаводӣ, муовини мудири пахши барномаҳои ин радио, ӯро таҳти фишор қарор додаанд, ки ё пули шашмоҳаашро бигираду ба кораш хотима бахшад ва ё қарордодаш ба таври якҷониба қатъ хоҳад шуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи хабарнигори тоҷик, ӯ талош дошт, ҷои кораш дар Радиои Озодӣ ҳифз кардаву ба фаъолияташ идома бахшад.
“Ба онҳо гуфтам, ки мехоҳам дар ин бора бо президенти Радиои Озодӣ сӯҳбат бикунам ё бо вакили мудофеям ин масъаларо баррасӣ намоям. Вале онҳо ба ман фурсат надода, гуфтанд, ки аз идора берун нарафта яке аз ин шартҳоро интихоб намоям”,-мегӯяд Қаюмзод. Дар охир ин хабарнигори шинохтаи тоҷик шартҳои Радиои Озодиро напазируфта, аз кумакпулии ин радио низ даст кашидааст ва мехоҳад ин баҳсро ба додгоҳ барад.
Аммо Хуршед Андамов, мудири дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душнабе, дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо “Озодагон” гуфт, қарордоди кории Абдулқаюми Қаюмзод яктарафа қатъ нашудааст. Вале ба далели камии фурсат онро шарҳ надодаву ба вақти дигар гузошт.
Абдулқаюми Қаюмзод аз соли 2001 то моҳи декбари соли гузашта ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад.