Искандари Рустам устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ шуд
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, варзишгарони тоҷикро, ки аз Чемпионати Осиё оид ба гӯштии тарзи озод, бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ баргаштанд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ намуд.
Аз ҷумла, ба Искандари Рустам барои натиҷаҳои баланди ба даст овардааш дар варзиши касбӣ унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ тақдим шуд.
Мусобиқаи мазкур аз 18-ум то 22-юми апрели сори ҷорӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ 7 варзишгар муаррифӣ намуданд.
Искандари Рустам дар вазни то 96 кило сазовори ҷои дувум шуда, бо нишони нуқраи мусобиқа сарфароз гардид. Комилҷони Сафаралӣ дар вазни 84 кило сазовори ҷойи сеюм шуда, нишони биринҷиии мусобиқаро ба даст овард. Хамчунин, Тоҷиддин Хоҷаев дар вазни 66 кило ва Николай Ноев дар вазни 60 кило соҳиби ҷои чорум шуданд. Сомиршоҳ Воҳидов дар вазни 74 кило дар ҷои панҷум ва Фарҳод Анақулов дар вазни 120 кило дар ҷои ҳафтум қарор гирифтанд.