Пайвандони Гулсуни гумгашта мегӯянд, ӯ бемори руҳӣ аст
Пайвандони Гулсун Латиповаи 16-сола, ки ахиран дар шаҳри Ваҳдат ғайб задааст, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, духтарашон бемории рӯҳӣ дорад.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, “Гулсун ба бемории рӯҳӣ гирифтор буд ва чанд вақти охир дар хона таҳти назорат қарор дошт, вале рӯзи 11-уми апрел аз хона баромада ғайб зад. Аз бедарак шудани Гулсун се рӯз паси сар шуд ва аз ӯ хату хабаре пайдо карда натавонистем ва барои дарёфт кардани ӯ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намудем вале бо гузашти 15 рӯз аз ӯ хату хабар нест.”
Хонаводаи Гулсун чанд рӯз қабл бо насби акси духтарашон дар кӯчаҳои шаҳри Ваҳдат ва Душанбе аз ҳамаи сокинон хостаанд, агар иттилое дар бораи духтарашон ёфтанд, бо телефонҳои 919 24 88 37 ва ё 919 93 25 44 ба онҳо хабар диҳанд.