Бо номи нахуствазир кӯдаконро метарсонанд: “Гиря накун, вагарна...”
Аксари занон дар Узбакистон кӯдакони худро бо гирифтани номи Шавкат Мирзиёев, нахуствазири ин кишвар, метарсонанд.
Дар ин бора торнамои Узнюс.нет матлабе нашр карда, менависад, ҳоло Шавкат Мирзиёев барои кӯдакони Узбакистон “як шахсияти афсонавӣ шудааст.”
Ин торнамо ҳамчунин мегӯяд, “дар Узбакистон агар биное таркад, корхонае ва ё ҳатто осорхонае, мардум пеш аз ҳама исми Шавкат Мирзиёевро ба ёд меоранд. Ӯро ҳамчун як шахси золим мешиносанд.”
Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо ҳатто на садои ӯро шунидаанду на сурати ӯро дидаанд. Аммо номашро ҳатто кӯдакон ҳам медонанду метарсанд.