"Расиши кӯтоҳ" сеяки Фаровонро ба нобудӣ расонд (ВИДЕО)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои санҷиши сӯхтор дар бозори ҷануби кишвар -- “Фаровон” аз ҳисоби кормандони амният, додститонӣ ва оташнишонӣ гуруҳи махсуси корӣ ташкил шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, соати 18-и бегоҳӣ сар зада, 25-30 дарсади ҳудуди бозорро фаро гирифтааст. Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, сӯхтор дар яке аз нуқтаи савдои бозичаҳои кӯдакона сар зада, тахмин меравад, аз ҳисоби расиши ноқилҳои барқи ба вуҷуд омадааст.
Мақомот мегӯянд, айни замон барои санҷиши ҷузъиёти ин қазия лабараторияи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба ҷои ҳодиса сафарбар шудааст.