Дар Тошканд барои хару арроба ва аспу дучархасаворон қоидаҳои нави ҳаракат дар роҳ ҷорӣ шудааст
Тавре расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳанд, мувофиқи қарори нави мақомоти БДА-и шаҳри Тошканд, сини нафарони дучархасавор ё афроди идоракунандаи хару ароба дар кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳр, на бояд аз 14 поин бошад.
Ҳамчунин барои дучархаронҳо бо як даст идора кардан ва савор намудани шахси дуюм манъ шудааст.
Мақомоти БДА-и пойтахти Узбакистон гуфтааст, қоидаҳои нав ба хотири коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ ҷорӣ шудаанд, зеро ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, бештари сониҳаҳои нақлиётӣ бо айби дучархасаворон ба амал меояд.