Сафорати Душанбе дар Кобул ба писарони Бурҳониддин Рабонӣ виза надод
Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ба Салоҳиддин ва Бурҳомиддин, фарзандони Бурҳониддин Раббонӣ, cобиқ раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон (раисиҷумҳури пешини Афғонистон) барои ширкат дар ҷашни 40-солагии ҲНИТ раводид надодааст.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, “тибқи маълумоти мо дар сафорат ба писарони Бурҳонуддин Раббонӣ гуфтаанд, чӣ лозим аст, ки шумо дар ҷашни 40-солагии ҲНИТ ширкат намоед? Беҳтараш дар ягон ҷашни дигар ба Тоҷикистон сафар кунед.”
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода меафзояд, то таҷлил аз 40-солагии ҲНИТ 2 рӯзи дигар фурсат доранд ва “умедворем писарони Бурҳонуддин Раббонӣ -- Салоҳиддин ва Бурҳомиддин дар он иштирок хоҳанд кард.
Барои ширкат дар ҷашни 40-солагӣ ҲНИТ 200 меҳмони хориҷӣ даъват шуда ва 170 нафари онҳо гуфтаанд, дар ин чорабинӣ иштирок мекунанд.