Пирӯзии “Боруссия Д”-и Германия бар “Реал Мадрид”-и Испания (Видео)
Ин бозии даври нимниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2012/2013 буда, шоми 24-уми апрел, дар варзишгоҳи “Дортмунде”-и Олмон баргузор гардид ва бо ҳисоби 4:1 ба нафъи соҳибони майдон анҷом ёфт.
Ҳамаи голҳои ғолибон дар ин бозӣ ба ҳамлагари тими “Боруссия”, Роберт Левандовски таалуқ дорад. Дар дақикаи 8-уми дидор бо кӯмаки ҳамдастааш Гетсе тубро ба дарвозаи ҳарифон ворид намуда ҳисобро кушод. Левандовски ду голи дигарро дар дақиқаҳои 50-ум, 55-ум ва голи чорумро дар дақиқаи 66-уми дидор аз тариқи зарбаи 11-метра (пиналти) ба ҳадаф расонд. Як голи меҳмононро дар дақиқаи 43-юми бозӣ Криштиану Роналду ба ҳадаф расонд.
Бозиҳои ҷавобӣ:
“Боруссии”—“Реала”, 30-юми апрел, варзишгоҳи (Сантьяго Бернабеу) Мадрид.
“Баварии”—“Барселона”, 1-уми май, варзишгоҳи “Камп Ноу” Барселоне.