Суоли “Озодагон” аз сиёсатмадорон: Оё Шумо эҳсоси амният мекунед?
Рӯзи ҷумъа 19 апрел Маҳмадалӣ Ҳаит ҷонишини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар даромадгоҳи хонааш аз ҷониби шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифт. Бо таваҷҷуҳ ба ин «Озодагон» аз сиёсатмадорон чунин суол кард: Оё Шумо эҳсоси амният мекунед?
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСДТ
Дар Тоҷикистон вазъияти сиёсӣ чунин аст, ки агар шахсе, ки мехоҳад сиёсатмадор бошад, набояд тарс дошта бошад. Бо роҳи латукӯб кардан, сиёсатмадорро тарсондан ғайриимкон аст. Аз лату кӯб кардани Маҳмадалӣ Ҳаит на танҳо ману дигар сиёсатмадорон, балки мардуми Тоҷикистон ҳам нотарс мешаванд. Агар қарор бошад касе паронда шавад ва ё лату кӯб гардад, ҳаргуна амнияте, ки надошта бошад, инро наметавон пешгирӣ кард. Нотарс касест, ки тарси худро як тараф гузошта барои манфиати миллӣ қадам гузошта тавонад, ӯ одами нотарс ва сиёсатмадор ҳаст, мо ҳам ҳамин тавр ҳастем.
Амир Қароқулов, раиси ҲИИТ
Бале, ман комилан эҳсоси амният мекунам. Чун ман вакили парлумонам ва давлату ниҳодҳо кафили амнияти ман ҳастанд ва аз ман ҳифозат мекунанд. Чаро эҳсоси амният накунам вақте, сулҳ ҳасту давлати ором дорем. Ман ягон ташвише аз амнияти худ надорам, чун рӯзҳои тарсу ноамниро мо солҳои ҷанг аз сар гузаронидем.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Дар шакли умум тарс надорем. Вақте як нафар узви ҳизб шуда масъулиятеро бар ӯҳда мегирад, ӯ бояд омода бошад, ки чунин ҳолат бар сараш хоҳад омад. Ин омодагиро на танҳо ман, балки тамоми масъулини ҲНИТ доранд. Вале ин ба маънои он нест, ки мо наметарсем гуфта ягон чорабинӣ нашавад. Дар маҷмуъ ин ҷои тарс надорад.
Сайфулло Сафаров, муовин раиси МТС
Сиёсатмадорон ҳам эҳсоси амният мекунанд, агар намекарданд ҳизбҳои нав ба нав намекарданд, ин дигар масъала аст. Шояд қувваҳои бошанд, ки мехоҳанд бо задани сиёсатмадорони мухолиф ҷомеаи Тоҷикистонро ба ларзиш дароранд. Чун солҳои 90-ум ҳамингуна ҳодисаҳо буд, ки қувваҳои махсус одамонро мекуштанду одамрабоӣ мекарданд ва сари духтаронро метарошиданд. Ҳадафи онҳо ин буд, ки ҷомеа нором шаваду онҳо корҳои зишташонро дар инҷо анҷом диҳанд. Маҳмадалӣ Ҳаит худ ингуна мактаб гузашта аст ва хуб мефаҳмад, ки ин корҳо эҳтимолиятҳои гуногун доранд. Дар 1000 сол ҲХДТ ба Маҳмадалӣ Ҳаит ягон нияти бад надорад.
Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ
Ман то имрӯз ягон таҳдиду таҳқирро дар худ ҳис намекунам. Ман дар ҳама ҳолат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам танҳо мегардам. Ба кор рафтану аз кор омадан низ. Ҳозир ман аз маҷлиси тантанавӣ бахшида ба зодрӯзи Ленин баромада пиёда- пиёда ба хона рафта истодаам. Дар куҷое, ки ман иштирок мекунам ё амал менамоям, дар доираи қонунҳо амал менамоям.
Олим Бобоев, раиси ҲИИТ
Ман намедонам, ки ин иттифоқ чигуна афтодааст ва аз он огоҳие надорам. Аммо ман худам аслан тарс надорам, чун тақдир ҳарчи ки бошад, ҳамонро мебинӣ ва ягон коре наметавон дар ин маврид кард. Агар қарор бошад ҳамла кунанд, ҳамла кардан мегиранд, инро чӣ кор метавон кард?
Масъуд Собиров, раиси собиқи ҲДТ
Ман эҳсоси амният намекунаму вале маро дигар чӣ таҳдиде метавонанд бикунанд. Ман албатта намедонам моҷаро аз чи қарор аст, вале ба ростӣ ҳам барои Маҳмадалӣ таассуф мехурам. Ин кори хуб нашуд, ки як нафари ватандӯсту бо таҷриба ва дорои дониши устувори сиёсӣ гирифтори чунин ҳодисае шуд.