Раҳмон ва 40-солагии ҲНИТ. Наҳзатиҳо: Даъватнома фиристодем. Дастгоҳ: Нагирифтем
Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мегӯяд, даъватномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 40-солагии ҲНИТ дарёфт накардаанд.
Фирӯзи Маҳмадсаид, раҳбари шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, аз даъват шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни 40-солагии ҲНИТ тавассути расонаҳо хабар ёфтаанд, аммо расман даъватномаро дарёфт накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, даъватномаро як ҳафта пеш дар қабулгоҳи дастгоҳи иҷроия супориданд ва масъулини дастгоҳ ваъда доданд, ки онро ба ҷои лозима хоҳанд расонд.
Дар Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур гуфтанд, аз ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинҳо танҳо ду рӯз пеш аз баргузориашон огоҳ мешаванд ва иштироки раисиҷумҳур дар ҷашни 40-солагии ҲНИТ ҳанӯз норӯшан аст.
Норӯшании иштироки раисиҷумҳур дар ҳолест, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аксари даъватшудагони хориҷӣ дар ҷашни 40-умин солгарди ин ҳизб ширкат нахоҳанд кард.
Абдуқаҳҳори Давлат, мудири шуъбаи байналмилалии ҲНИТ, рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “дар ҷашни 40- солагии ҲНИТ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Амрико, Қатар, Тунис, Миср, Алҷазоир, Марокаш, Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қирғизистон Қазоқистон ва дигар мамлакатҳо дар маҷмӯъ 200 нафар даъват кардем. Аз инҳо 170 нафараш ба мо ҷавоб доданд, ки дар ҷашн ширкат мекунанд. Аммо акнун аз сабаби он, ки мақомот додани визаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қатъ кардааст, аксари меҳмонони даъваткардаи мо омадан наметавонанд.”
Масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон далели қатъи додани визаро “фаннӣ” арзёбӣ карда, мегӯянд, иртибот миёни раёсати консулгароии ин ниҳод ва намояндагӣ дар фурудгоҳ қатъ гардидааст. Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, додани виза дар фурудгоҳ аз 29-уми апрел барқарор хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки таҷлили 40-солагии ҲНИТ рӯзи 27-уми апрел дар назар аст.