Хадамоти муҳоҷират бо руҳониёни тоҷик созишнома мебандад
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз гароиши муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротгаро тарҳи созишнома бо Кумитаи дин ва Маркази исломии Тоҷикистонро таҳия кардааст.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, ба "Озодагон” гуфт, айни ҳол тарҳи созишнома барои мувофиқа ва имзо ба Кумитаи дин ва Маркази исломии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Қодирӣ таъкид кард, ки тибқи ин созишнома руҳониёни кишвар ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар маҳалҳо ва ҷамоатҳои кишвар ҷалб мегарданд: "Ба ҷуз аз гароиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротгароӣ, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо намояндагони умури дин масъалаи ҷилавгирии муҳоҷирати ноболиғон ва дигар қоидаву қонунҳои муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида мешавад."
Қаблан масъулини Хадамоти муҳоҷират дар як қатор навоҳии кишвар корҳои фаҳмонидаҳиро дар умури муҳоҷирати меҳнатӣ гузарониданд, вале тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, натиҷаҳои назаррасро ба даст наовардаанд.