Шикояти сармураббии “Регар-ТадАЗ” аз бетафовутии ФФТ
Дар толори осоишгоҳи "Баҳористон"-и шаҳри Қайроққум нишасти хабарии сармураббиёни дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Тоҷикистон ва «Сафо»-и Лубнон баргузор шуд. Ин ду даста рӯзи 24-уми апрел дар варзишгоҳи "20 солагии истиқлолият", воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бозии навбатии гурўҳиро дар Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё мегузаронанд. Агар "Регар-ТадАЗ" ғолибият ба даст орад, имкони ба давраи дувуми сабқат баромаданро пайдо мекунад.
Дар нишасти матбуотӣ сармураббии дастаи «Сафо»-и Лубнон Акрам Салмон гуфт, «бозии дар пешистода барои ҳарду даста муҳим аст. Пагоҳ тамошобинон бозии кушодро мунтазир бошанд».
Ў ҳамчунин гуфт, дастаҳои Тоҷикистон ва Лубнон дар муқоиса бо дастаҳои кишвари Қувайт аз ҷиҳати касбият дар сатҳи паст қарор доранд: «Масалан, арзиши як бозигари «Ал-Қувайт» баробари буҷаи солонаи «Сафо» аст. Аз ин хотир, аз бозии АФК мо танҳо таҷриба мегирем».
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ" гуфт, омодагияшон ба бозии дар пеш истода хуб аст ва бояд дар ин вохўрӣ ғалаба ба даст оранд. Ӯ аз он шиква кард, ки дар вақти ширкат дар бозии байналмилалӣ се бозигараш аз ҳайати даста рафтанд, аммо ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) барояшон чорае наандешида, ба онҳо маслиҳат додааст, ки метавонед равед: «Далер Тухтасунов, Алексей Неъматов ва Ҷамшед Исмоилов аз ҳайати даста рафтанд, дар ҳоле ки ҳаққи рафтанро надоштанд. Ман ҳамчун сармураббӣ қарори ФФТ-ро нафаҳмидам. Барои он ки мо дар АФК бозӣ карда истодаем, на аз номи Турсунзода, балки чун намояндаи Тоҷикистон».
Бояд гуфт, ки бозии аввали ин ду даста мусовӣ 1 ба 1 дар меҳмонии "Регар-ТадАЗ" ба анҷом расидааст.