Эҳзори сафири Русия. Душанбе ба Жириновский ва Рогозин ҷавоб дод
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар Душанбе, Юрий Поповро эҳзор кардаву номаи эътирозияш ба изҳороти ахири афроди воломақоми Русия алайҳи Тоҷикистонро супурдааст.
Ҷониби Тоҷикистон ба Юрий Попов, сафири Русия, гуфтааст, “чунин суханҳо ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар халали ҷиддӣ ворид месозад.”
Дар номаи эътирозие, ки рӯзи 23-юми апрел ба сафир Попов аз ҷониби Вазорати умури хориҷӣ супурда шуд, омадааст, “вазъияте, ки мансабдорони воломақоми давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз тариқи ВАО суханҳои аз ҳақиқат дур, тӯҳматнок, таҳқиромез ва ғайридӯстона садо медиҳанд, моро нигарон намудааст.”
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти ахири Владимир Жириновский дар бораи муҳоҷирони тоҷик ва раҳбари Тоҷикистон дар барномаи “Поединок”-ро зикр карда, онро натанҳо таҳқири роҳбари ҷумҳурӣ, балки таҳқири миллати тоҷик унвон кардааст. “Суханҳои таҳқиромези Жириновский, ки элитаи сиёсии Россияро муаррифӣ менамояд, ба рӯҳияи дӯстию анъанавии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ намебошад”,- гуфта шудааст дар ин номаи эътирозӣ.
Дар баробари ин, ҷониби Тоҷикистон изҳороти Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия, дар бораи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаҳои дохилиро беасос донистааст. Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, “ба ҷониби Русия расонида шуд, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи Русия мешаванд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имконияти хариди чиптаро доранд ва бо дигар ҳуҷҷат аз хатти марзии Тоҷикистон гузаштан наметавонанд. Зеро қатор аз ду кишвар (Узбакистон ва Туркманистон), ки бо Тоҷикистон низоми раводидӣ доранд убур менамояд ва ин кишварҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаи дохилӣ иҷозати гузаштан намедиҳад.”
/color]