Хадамоти муҳоҷират ду миллиони муҳоҷиронро баргардондааст
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, пардохт нагардидани маош яке аз мушкилоти аслии муҳоҷирони тоҷик дар Русия боқӣ мондааст.
Назрулло Бекназаров, сардори Раёсати ташкилию таҳлилии хадамот зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳа таъкид кардааст, тайи моҳҳои се моҳи аввали соли ҷорӣ бо дахолати ин ниҳод 1 миллиону 920 ҳазор рубли пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик баргардонида шуд. Ба гуфтаи Бекназаров, ин нишондод нисбат ба соли 2012 як миллиону 533 ҳазор рубл бештар мебошад.
Инчунин Бекназаров таъкид кардааст, ки бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷират 3 қарори додгоҳи Маскав оид ба берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон бекор карда шуд.
Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кор мекунанд ва тибқи иттилои расмӣ ҳамасола ба Ватан беш аз 3,5 миллиард доллари амрикоӣ ирсол мекунанд.