Шаҳрванди Қирғизистон ба асорати Толибон афтодааст
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, миёни сарнишинони ба асорати Толибон афтодаи чархболи Ми-8 дар Афғонистон як шаҳрванди 47-солаи ин кишвар низ ҳаст.
Дар изҳороти расмии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз ин нафар Нарғозӣ Конушбеков ном бурда мешавад. "Феълан, барои раҳоии асирон бо мақомоти расмии Афғонистон ва фармондеҳии нерӯҳои байналмилалии таҳкими амниятӣ, ҳамчунин сафоратҳои Афғонистон, Амрико, Русия ва Туркия чораҳои зарурӣ андешида мешавад",-омадааст дар иттилоияи ин вазорат.
22-юми апрел бар асари нишасти садамавии чархболи Ми-8 дар музофоти Логари Афғонистон ҳудуди 10 сарнишини он ба асорати Толибон монданд. Миёни онҳо шаҳрвандони Туркия, Русия, Афғонистон ва Қирғизистон будаанд. Толибон то кунун дар баробари раҳоии асирон ҳеч шарте нагузоштаанд.