Маоши бештар дар Тоҷикистон насиби кормандони бонку алоқа будааст
Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони хоҷагии қишлоқ ва ҷангал мегиранд, ки ба ҳисоби миёна ба 217 сомонӣ баробар аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, моҳи марти соли ҷорӣ маоши баландтарин дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаи кӯҳкорию саноат ба қайд гирифта шудаст, ки бештар аз 1304 сомониро ташкил медиҳад. Кормандони соҳаи барқ, газ ва таъминоти об дар моҳи феврали соли равон ба ҳисоби миёна 1078 сомонӣ маош гирифтаанд.
Дар маҷмӯъ ҳаҷми маоши миёна дар бахши воқеии иқтисод, ба иттилои Оҷонсии омори кишвар моҳи феврал баробар ба 625 сомонӣ шудаст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 28,5 дарсад зиёд аст.
Дар соҳаи хизматрасониҳо маоши баландтаринро кормандони молия ва бонкҳо доранд, ки ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 752 сомонӣ мегиранд. Маоши миёна дар бахши алоқаю нақлиёт 1 ҳазору 460 сомониро ташкил додааст. Дар соҳаи меҳмонхонаю тарабхонаҳо коргарон ба ҳисоби миёна 1031 сомонӣ дастмузд мегиранд.
Маоши ҳадди ақал дар кишвар ҳоло 200 сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар бештар мебошад.