Ҳосилнокии картошка назар ба як соли пеш 9 сентнер зиёд шудааст
Дар баъзеи манотиқи ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили «нони дуюм»- картошка идома дорад.
Аз рӯи маълумотҳо соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон дар майдони 14 ҳазору 629 гектар замин кишти картошка гузаронида шудааст ва нақшаи истеҳсоли он 351.435 тоннаро ташкил медиҳад. То имрӯз майдони 1892 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки истеҳсоли картошка ба 24 ҳазору 468 тонна баробар аст. Гуфта мешавад, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда ба миқдори 6546 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ дар соли равон аз як гектар замин ба 129 сентнер расида, дар қиёс ба як соли пеш 9 сентнер бештар аст. Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, айни замон истеҳсол ва ҷамъоварии картошка дар вилоёти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ оғоз гардида бо суръат идома дорад. Кишоварзони ВМКБ бошанд, аз сабаби тафовути иқлим то ҳол ҷамъоварии картошкаро оғоз накакрдаанд. {jathumbnail off}