Маликаву Сабина ёфт нашуда, Гулсун ҳам бедарак гардид
Гулсун Латипова, сокини 16-солаи шаҳри Ваҳдат, дувоздаҳ рӯзи қабл аз манзилашон берун рафтаву то ҳол барнагаштааст. Хонаводаи Гулсун дар бораи гум шудани духтарашон ба Раёсати умури дохилӣ муроҷиат карда, ҳамчунин бо насби акси духтарашон дар кӯчаҳои шаҳри Ваҳдат ва Душанбе аз сокинон кумак хостаанд.
Гулсун Латипова дар ҳоле бедарак шудааст, ки талоши мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар як моҳи ахир барои пайдо кардани Малика ва Сабинаи хурдсол дар Душанбе бенатиҷа будааст. Малика ва Сабина, ки яке чоруним ва дигаре шаш сол доранд, рӯзи 24-уми март аз манзилашон дар кӯчаи Айнии пойтахт берун рафтаву то ҳол бедараканд.
Волидони Гулсун Латипова аз ҳамаи сокинон хостаанд, агар иттилое дар бораи духтарашон ёфтанд, бо телефонҳои 919 24 88 37 ва ё 919 93 25 44 ба онҳо хабар диҳанд.