Хитоиҳо гӯшти гов гуфта, гӯшти хук мефурӯшанд
Як масъули ширкати “Маҳсулоти Ҳалол” дар Қазоқистон аз он нигаронӣ карда, ки чиниҳо гӯшти хукро ба унвони гӯшти гов ба Қазоқистон ворид месозанд. Гулҷазира Нуралбоева ба хабаргузориҳои Қазоқистон гуфтааст, инҳо гӯшти хуке ҳастанд, ки дар таркибашон химикатҳои зиёди зараровар низ доранд.
Ӯ мегӯяд, чиниҳо гӯшти нармкардаи хукро бо оби гӯшти гов якҷоя намуда, ду соат нигоҳ медоранд ва баъд ба хориҷа мефиристанд. “Ин навъи гӯштро на аз рӯи рангу на аз рӯи бӯй аз гӯшти гови аслӣ фарқ кардан мушкил аст. Инро танҳо ташхиси лабораторӣ метавонад муайян созад. Ин навъи “гӯшт”-ро бештар дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо истифода мекунанд ва махсусан дар он ошхонаҳое, ки онҷо гӯшт бо нархи арзонтар фурӯхта мешавад”,-гуфтааст Нуралбоева.
Ин масъули ширкати «Маҳсулоти Ҳалол» дар Қазоқистон афзудааст, “ин ҳолати ягона нест. Аз Хитой боз тухмҳое меоранд, ки дар он ҳеҷ заррае аз тухми аслӣ вуҷуд надорад ва дар даруни зардии он равғани хук ворид мекунанд.”