Дидбони ҳуқуқи башар Узбакистону Туркманистонро “худкома” хонд
Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch дар гузориши ҷадиди худ ҳукуматҳои Узбакистону Туркманистонро аз ҷумлаи худкоматаринҳо дар ҷаҳон хонд.
Ин созмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид даъват кардааст, ки барои қатъи зулму золимӣ дар Туркманистону Узбакистон аз чораҳои мушаххас кор бигиранд.
Вероника Голдстон, масъули Дидбони ҳуқуқи башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ таъкид кардааст, ки “мушкили асосӣ дар он аст, ки Тошканду Ашқобод худкомагиашонро эътироф намекунанд ва барои ислоҳи вазъ чорае намеандешанд. Ба ин кишварҳо бояд мушаххассан гуфта шавад, ки то куҷо амалҳояшон номақбуланд ва чӣ корҳоро бояд барои тағйири вазъ пеша кунанд.”
Дидбони ҳуқуқи башар мушкили асосии ин кишварҳоро фишор аз болои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорони мустақил, ҳомиёни ҳуқуқ, таъқибу фишор, истифодаи меҳнати кӯдакон ва татбиқи шиканҷа арзёбӣ кардааст.