Ду назар дар бораи Бозор Собир, манзил ва бозгашти ӯ
Хабари тақдими манзили якҳуҷраӣ аз сӯи шаҳрдории Душанбе ба як сокини 82-сола баҳсҳоеро миёни хонандагони мо ба вуҷуд овард. Дар ин баҳс бархе аз хонандагон навиштаанд, магар имкон надошт, ки шаҳрдории Душанбе чунин меҳрубониро дар ҳаққи шоирону донишмандон ҳам раво бубинад.
Аз ҷумла хонандае бо номи “Ворухӣ” навишт, “кори оқилона, вале чӣ мешуд, агар ҳамин ҳокимони даври мо барои устод Бозор Собир ҳам як манзил ҷудо мекарданд. Наход, чунин кас сазовори манзиле дар ватанаш набошад? Баъд аз камтари дигар бисёр афсӯс хоҳем хӯрд, вовайлои пинҳонӣ.”
Дар посух ба ин нома хонандаи дигари мо бо номи “Чоркӯҳӣ” навиштааст, агар худи Бозор Собир мехост, дар Ватанаш бимонад, чунин имконро дошт. Ба навиштаи ӯ, “магар шоир Бозор Собир дар Душанбе манзил надошт? Бозор Собир шоири хуб аст, вале эркаву аз Тоҷикистон дур буданро ихтиёр кардааст. Озодии инсон ва демократияаш ҳамин аст. Ба гуфтаи шоир Тоҷикистоне, ки имрӯз пойтахташ бӯи деҳа мекунаду мардонаш серришу занҳояш сатрпӯш гаштаанд, ба ӯ намефорад. Марҳамат карда бигӯед, ки барои кӣ зиндагӣ дар Тоҷикистон бештару хубтар аст?”
Ин хонанда дар идомаи номааш нигоштааст, “шоир агар дилаш барои Тоҷикистону тоҷикон месӯхт, омада, дар ягон мактаби деҳа ба ҷавонону духтарони мактабхон дарс мегуфт. Ё ақаллан дар Донишгоҳи миллӣ устодӣ мекард. Рӯзи ҳамаи рӯзноманигору шоиру нависандаву эҷодкор дар ҳамин Тоҷикистон мегузарад. Ҷавонмардону мардони тоҷике хастанд, ки даҳсолаҳо дар муҳоҷирати корианд. Занҳову духтарони Тоҷикистон дар муҳочирати меҳнатианд.”
Чоркӯҳӣ ҳамчунин гуфтааст, имсол Бозор Собир 75-сола мешавад ва бояд худи ӯ фикр кунад, ки бояд ба Ватан баргардад ё дар ғурбат бимонад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, “ҳеч кас роҳи бозгашт ба Тоҷикистонро барои шоир набастааст.”
Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир чанд сол аст, ки дар Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳи хонаводааш зиндагӣ мекунад. Ӯ дар даврони даргириҳои дохилӣ Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав буд ва пас аз он ба Амрико рафт.