Суғд: Ҳалокати ду ноболиғ бар асари беэҳтиётӣ
Беэҳтиётӣ бойиси марги ду ноболиғ гардид.
Тибқи иттилои вазорати умури дохила, дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, Барот Кӯшоқови 10-сола, ки якҷо бо аҳли хонавода ба кандани девор машғул буд, ногаҳон зери хоктӯда монд. Дар натиҷа, ноболиғ нафасгир шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ба ҳамин монанд, дар ҷамоати Расулов низ ҳодиса рух додааст. Гуфта мешавад, Фаррух Раҳмонови яксола ба ҷӯйи назди ҳавлӣ афтида ғарқ гаштааст. Ҷасадҳо баъди ташхиси криминалӣ ба соҳибонашон супорида шудаанд.{jathumbnail off}