“Равшан” бори дигар бо “Ал-Рамза” ба сабқат мебарояд
Фардо, 23-юми апрел, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013, дар гурӯҳи “D” бозии даври 5-умашро бо “Ал-Рамта”-и Урдун дар сафар анҷом медиҳад.
Бозии дигари даври 5-уми ин гурӯҳ миёни дастаҳои “Ал-Шорта”-и Сурия ва “Ал-Қудсия”-и Қувайт баргузор мегардад.
Дастаи “Равшан” дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 ва рӯзи 13-уми март бозии даври дувумро дар меҳмонӣ бар тими “Ал-Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 0:2 бохт. Рӯзи 3-юми апрел низ бозии даври сеюмро дар сафар бо тими “Ал Қудсия”-и Қувайт анҷом дода, бо ҳисоби 3:0 мағлуб шуда буд ва рӯзи 9-уми апрел дар бозии даври чорум дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал Қудсия”-и Кувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрдааст.
Пас аз анҷоми чор даври бозӣ дар гурӯҳи “D” дастаи “Ал-Шорта” бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст. “Ал-Қудсия” низ 9 имтиёз ба даст овардааст ва аз рӯи натиҷаи голҳо ҷои дуюмро касб кардааст. “Ал-Рамза” бо 6 имтиёз сеюм аст ва дастаи “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми AFC-2013, дар гӯруҳи “А” қувваозмоӣ мекунад, рӯзи 24-уми апрел бозии даври 5-умро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо тими “Сафо”-и Ливан анҷом медиҳад.
Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои “Қувайт” (Қувайт) – “Ал-Риффа” (Баҳрайн) баргузор мегардад. Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ" аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, рӯзи 12-уми март дар бозии даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд. Бозии даври сеюмро дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо тими “Қувайт”-и Қувайт анҷом дода бо ҳисоби 1:3 шикаст хурдаанд ва дар бозии даври чорум дар сафар аз тими “Кувайт”-и Кувайт 5:0 тшикаст хурда буданд.
Пас аз анҷоми чор давари бозӣ натиҷаи имтиёзҳои ин гурӯҳ чунин аст:
“Қувайт» (Қувайт) бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Ал-Риффа”-и Баҳрайн 6 имтиёз ба даст оварда зинаи дувумро касб кардааст. “Сафо”-и Лубнон бо 4 имтиёз сеюм ва “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.