"Ба хотири дӯстӣ бо Эрон, Садои Хуросонро пурра қатъ накардем"
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон далели манъи фаъолияти хабарнигорони радиои Садои Хуросон (Эрон)-ро дар Душанбе шарҳ дод.
Абдулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати умури хориҷӣ, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, танҳо ба далели дӯстӣ ва ҳамкориҳои муштарак бо Эрон, радиои ин кишвар, Садои Хуросонро ҳамагӣ ба муддати 3 моҳ аз фаъолият маҳрум кардаанд. Дар ҳоле ки ба таъкиди Атоев, қонунҳои Тоҷикистон иҷоза медиҳанд, фаъолияти як расонаи хориҷӣ барои риоя накардани меъёр, яъне пахши иттилооти беасос масдуд шавад. "Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бар ин аст, ки масъулини Садои Хуросон пеш аз пахши хабар бояд онро дақиқ мекарданд",-афзуд ӯ.
Ин иқдоми Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъд аз он сурат гирифт, ки 15-уми апрел бисёре аз расонаҳо бо такя ба гуфтугӯи Садои Хуросон бо Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲУСДТ, навиштанд, Чин аз хатти марзи муайншуда бештар вориди хоки Тоҷикистон шудааст. Иттилое, ки баъдан ҳам аз сӯи Раҳматуллоҳ Зоиров ва ҳам Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рад шуд. Оқои Зоиров гуфт, ин сӯҳбати ӯ бо Садои Хуросон як соли пеш сурат гирифта буд ва намедонад чаро имрӯз хабарсоз шудааст.