HRW латту кӯби муовини Кабириро "ҳамлаи ваҳшиёна" номид
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамла ба Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ҳизби умдаи мухолиф дар кишварро ҳамаҷониба таҳқиқ кунад.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз мақомдорони тоҷик даъват кардааст, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар фазоеро фароҳам созанд, ки ҲНИТ ва аҳзоби дигари сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳо озодона фаъолияти худро пеш баранд.
Стив Свердлов, масъули Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна, латту кӯби Муҳаммадалии Ҳайитро “як ҳамлаи ваҳшиёна” ва рух доданашро дар остонаи интихоботи президентӣ мояи нигаронӣ хондааст. Ӯ аз Амрико ва Иттиҳоди Аврупо даъват намудааст, то ба қазияи латту кӯби ходими намоёни ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кунанд: “Вашингтон ва Брюссел бояд ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор диҳанд, то дар арафаи интихобот маъракаеро роҳандозӣ кунад, ки ҳуқуқҳои сиёсию шаҳрвандӣ риоя гарданд.”
Дар ҳамин ҳол Дидбони ҳуқуқи башар баҳси додгоҳии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва шаҳрдории Душанбе, куштори Маҳмадризо Сабзалиев, раҳбари ҲНИТ дар Бадахшон ва ҳабси Шерик Карамхудоев, масъули бахши ҲНИТ дар Хоруғро ёдовар шуда, таъкид намудааст, ки “бо баҳона ва аз тарси исломиёни радикалӣ ҳукумати Тоҷикистон вақтҳои охир дар умури дин маҳдудиятҳои шадидро ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла, ба масҷид рафтани ноболиғонро манъ карда, барои мулоқоти аъзои ҲНИТ монеа эҷод мекунад.”
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини райиси ҲНИТ, шаби 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили зисташ дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта ва ҳоло дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, ҳоло вазъаш каме беҳтар шудааст. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба латту кӯби муовини раиси ҲНИТ ин ниҳод парванда боз карда ва таҳқиқи қазия идома дорад.