Манъи фаъолияти хабарнигорони "Садои Хуросон" барои се моҳ
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фаъолияти хабарнигорони радиои “Садои Хуросон”-ро дар Душанбе барои се моҳи оянда манъ кардааст. Дар ин бора масъулони “Садои Хуросон” дар торнамои расмии ин радио хабар дода ва ин иқдоми Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро “тааммулбарангез” номидаанд.
Ин иқдоми Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъд аз он сурат мегирад, ки 15 апрел бисёре аз расонаҳо бо такя ба гуфтугӯи “Садои Хуросон” бо Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲУСДТ, навиштанд, Чин аз хатти марзи муайншуда бештар вориди хоки Тоҷикистон шудааст. Иттилое, ки баъдан ҳам аз сӯи Раҳматуллоҳ Зоиров ва ҳам Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рад шуд. Оқои Зоиров гуфт, ин сӯҳбати ӯ бо Садои Хуросон як соли пеш сурат гирифта буд ва намедонад чаро имрӯз хабарсоз шудааст.
Аммо масъулони Садои Хуросон мегӯянд, “радди иддаои раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз сӯи Вазорати умури хориҷии ин кишвар эродеро мутаваҷҷеҳи Садои Хуросон намесозад, зеро ин расона бар асоси вазифаи зотӣ ва табиии худ дар ҳавзаи иттилоърасонӣ, танҳо ба пӯшиши хабарии як расонаи русӣ ва нақли суханони як шахсияти сиёсӣ пардохта ва хабари дурӯғеро мунташир накардааст.” Онҳо аз мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон пурсидаанд, ки “ҳатто бо фарзи нодуруст будани изҳороти мақомоти ҳизби сотсиал-демократ, чаро муҷаввизи хабарнигорони Садои Хуросон бояд лағв шавад?”
Дар ҳоле ки ба таъкиди масъулони Садои Хуросон, ин радио “ҳамвора рисолати худро иттилоърасонии дур аз ҳошиясозӣ ва ҷанҷолофаринӣ қарор додааст ва лағви муҷаввизи хабарнигорони худ дар Душанберо ба далели такзиб шудани муҳтавои як хабар, мунсифона ва мантиқӣ намедонад.”