Диктатори собиқ озод мешавад? Намешавад?!
Додгоҳи таҷдиди назари Миср ҳукми озодии Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури пешини ин кишварро, содир намуд.
Нашрияи мисрии “Ал-Аҳром” менависад, додгоҳи таҷдиди назари Миср рӯзи 20-уми апрел ҳукм кардааст, ки Ҳусни Муборак, раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар, озод шавад. Ин дар ҳолест, ки расонаи хабарии “Ал-Явм ас-Собиъ” аз қавли як манбаъ аз додгоҳи мазкур иттилоъ додааст, ки Муборак ҳаргиз наметавонад, ба озодӣ барояд.
“Зеро ӯ дар мавриди бо роҳи қаллобӣ аз они худ намудани 150 миллион доллари буҷаи давлат айбдор дониста мешавад”,-таъкид кардааст манбаъ.
Ба назари додситонони Миср, раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар ва писаронаш муттаҳам ба суистифода аз маблағҳои ҷудонамудаи давлат барои Кохи раёсати ҷумҳур мебошанд.