Даъвати муфтӣ барои "кумак" ба сохтмони бузургтарин масҷиди Душанбе
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, аз намозгузорону соҳибкорони кишвар хост, дар сохтмони бузургтарин масҷиди Душанбе саҳмгузор бошанд. Ин масҷид, ки барои беш аз 100 ҳазор намозгузор дар як вақт пешбинӣ шудааст, қарор аст, бо ҳафтод миллион доллар сармояи Қатар ва 30 миллион доллар сармояи Тоҷикистон бунёд гардад.
Оқои Абдулқодирзода, ки дар намози ҷумъаи рӯзи 19-уми апрел дар ин бора сухан мегуфт, илова кард, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар калонтарин масҷиди Душанбе дар се баст ҷараён дорад. “Масҷиди мазкур бо маблағи ҳукумати кишвар сохта мешавад. Агар нафароне, ки имкони кӯмак карданро доранд, метавонанд ба касоне, ки дар инҷо кор мекунанд, ёрӣ расонанд”,-таъкид кард ӯ.
Бунёди бузургтарин масҷиди Душанбе моҳи октябри соли 2011 бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Мақомот он вақт гуфтанд, барои сохтмони ин масҷид ҳудудан чаҳор сол лозим аст. Корҳои сохтмонии бузургтарин масҷиди Душанбе аз сӯи ширкати “Сомон-сохтмон” анҷом мешавад.
Ин масҷид аз 4 манораи баландиаш 65-метрӣ, гунбази 47-метрӣ, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ иборат хоҳад буд.