Муҳаммадалии Ҳайит: “Маро заданд, то мардумро битарсонанд” (САДО)
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло дар бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарист, дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, вазъаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
ҲАМЛА БА МУОВИНИ КАБИРӢ
Ӯ мегӯяд, наметавонад касеро ба ҳайси гумонбар дар латту кӯбаш муттаҳам бикунад, аммо хуб медонад, ки ин қазия ба ҲНИТ ва фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт мегиранд. “Зеро вақтҳои охир фишорҳои зиёде болои аъзои роҳбарияти ҳизб буд. Махсусан дар остонаи таҷлил аз 40-умин солгарди ҲНИТ чунин амалро баъзе нафароне, ки оромии кишварро намехоҳанд, роҳандозӣ карданд, то мардумро ба ин васила битарсонанд.”
Оқои Ҳайит дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, “Худоро шукр, ки мардуми мо ин мактабҳоро гузаштанд ва аз ин ҳарос нахоҳанд дошт. Рӯзҳои охир бо касе гуфтугӯ ҳам надоштам ва аз ягон кас гумонбар ҳам шуда наметавонам. Фикр мекунам, ки кори дасти гуруҳи махсус мебошад.”
Ва ин ҳам садои Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ: