ҲХДТ сиёсӣ арзёбӣ шудани латту кӯби М.Ҳайитро “шитобзадагӣ” хонд
Масъулони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) сиёсӣ будани латту кӯби муовини раиси ҲНИТ-ро “хулосаи саросемавор” хонданд.
Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ, ба “Озодагон” гуфт, ин қазияро бояд мақомоти интизомӣ баррасӣ кардаву муайян созанд, ки он то куҷо ба фаъолиятҳои шахсӣ ё сиёсии Муҳаммадалии Ҳайит рабт дорад.
“Ин қазия ба маъракаи интихоботи президентӣ ҳеҷ рабте надорад. Зеро то ин маъракаи сиёсӣ ҳоло вақти тӯлоние дар пеш аст ва ман низ фикр намекунам, ки ин қазия ба ингуна чизҳо рабт дошта бошад”,-афзуд Усмон Солеҳ.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шоми 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили истиқоматияш дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Оқои Ҳайит ҳоло дар бемористони Қарияи Болост ва ҲНИТ ҳам барои баррасии ин қазия Шӯрои сиёсиро даъват кардааст.