Тақозои Freedom House аз ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ
Фридом Ҳауз ё Хонаи Озодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, қазияи латту кӯби Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи ин кишварро мӯшикофона таҳқиқ кунад.
Дар иттилоияи ин созмони ҳомии озодии баён омадааст, ҲНИТ дар давоми як соли ахир, бо наздик омадани интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, таҳти фишору таъқиб қарор дорад.
Ба таъкиди ин созмон, соли гузашта дар ҷараёни ноамниҳои Бадахшон раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ кушта шуда, раҳбари вилоятии он ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастааст, ки мурофиаи додгоҳияш паси дарҳои баста сурат мегирад.
Freedom House аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати Амрико талаб кардааст, ки таъқибу фишор болои аъзои ҲНИТ-ро дар сатҳи баландтари мақомоти Тоҷикистон баррасӣ кунанд.