КГБ: Гумонбарони таркиши Бостон 12 сол пеш дар Қирғизистон буданд
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, Темурлан ва Ҷавҳар Тсараевҳо, ки дар таркиши Бостони Амрико муттаҳам мешаванд, ҳанӯз 12 сол пеш дар ин кишвар зиста буданд.
Ба қавли ин ниҳод, хонаводаи Тсараевҳо дувоздаҳ соли пеш дар шаҳри Токмак зиндагӣ карда, аз он ҷо ба Доғистон рафтаву сипас ба Иёлоти Муттаҳида кӯч бастаанд.
Дар иттилоияи Кумитаи амнияти миллӣ гуфта мешавад, ки ҳоло Темурлан 27 ва Ҷавҳар 20 сол дошта, аввалӣ дар 15 ва дувумӣ дар ҳаштсолагӣ кишварро тарк карда буданд. “Аз ин рӯ, таркиши Бостонро бо Қирғизистон рабт додан хатост”,-таъкид шудааст дар иттилоияи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон.
Дар акс: Темурлан ва Ҷавҳар, ки дар таркиши Бостони Амрико муттаҳам мешаванд, ки се кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷо гузошт